Ҷаласаи Комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2020» доир гардид

0
216

Ҷаласаи Комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2020» доир гардид

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи навбатӣ бо иштироки аъзои Комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими ҳаҷи соли 2020 баргузор гардид.

Муовини Сарвазир ёдовар шуд, ки давлати Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом эҳтиром мегузорад ва ба ин масъала эътибори хоса медиҳад, вале риояи талабот ва ҳикмати он, ки тавассути меъёрҳои шаръӣ муқаррар ва муайян шудаанд, шарт ва зарур аст.

«Ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои адои фаризаҳои динӣ, аз ҷумла сафари ҳаҷ ҳамаи шароит муҳайё шудааст ва имсол низ шаҳрвандони кишварамон ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ хоҳанд рафт», — гуфт муовини Сарвазири мамлакат.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор гардиданд, ки ташкил ва гузаронидани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Источник: khovar.tj