ҒАЛАБА МУБОРАК! «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт

0
159

ҒАЛАБА МУБОРАК! «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо  пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби  3:0 ба нафъи дастаи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони «Хуҷанд» самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисобро боз карданд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи  футболи  «Нефтчӣ» хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигарро ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  ворид кард.

Минтақаи марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизстон) – 3:0.

Голҳо: Дилшод Бозоров, 34, 107, 119.

Источник: khovar.tj