Акс бо Гугуш: Меҳринигор мегӯяд як орзуи худ ва модарашро амалӣ намуд – навор ва акс

0
197

Акс бо Гугуш: Меҳринигор мегӯяд як орзуи худ ва модарашро амалӣ намуд - навор ва акс

Сарояндаи ҷавони Тоҷикистон Меҳринигори Рустам, пас аз акс бардоштан бо сарояндаи маҳбуби эронӣ Гугуш, бо изҳори хурсандӣ афзудаст, ки як орзуи худ ва модарашро амалӣ намудаст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қаблан Меҳринигори Рустам дар сафҳаи Инстаграми худ навореро аз ҷараёни барномаи консертии Гугуш дар шаҳри Ню-Йорк нашр намуда буд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Bo davati zeboi produceri Googoosh @shahramnorz Imruz ba conserti muhtashami in bonooye hunar bo modaram roh yoftem.😍In orzuye modaram bud va shukr ki modaramro ba orezuyash rasondam. Pushti stage guftuguhovu ogushhovu ashkhovu samimiyathoye doshtem bo honum @googoosh aziz. Thank you Shahramjan♥️🙏🏽 #googoosh #live #googooshconcert we love you ♥️🙏🏽 Googoosh ♥️🥰 @martik_music #music #fashion #amazing #style #happy

Публикация от 𝑴𝒆𝒉𝒓𝒏𝒊𝒈𝒐𝒓𝒎𝒖𝒔𝒊𝒄/𝑺𝒊𝒏𝒈𝒆𝒓,𝑪𝒐𝒎𝒑𝒐𝒔𝒆𝒓 (@mehrnigormusic) 2 Ноя 2019 в 10:45 PDT

Зимнан овозхони тоҷик дар сафҳаи худ акси муштарак бо Гугушро гузошта меҳру муҳаббати самимии худро нисбат ба ӯ баён кардааст.

“Имрӯз бо модарам ба консерти мӯҳташами ин бонуи ҳунар роҳ ёфтем. Ин орзуи модарам буд ва шукр, ки модарамро ба орзуяш расондам. Пушти саҳна гуфтугӯҳову оғӯшҳову ашкҳову самимиятҳое доштем бо хонум Гугуши азиз. Шуморо дӯст медорам, Гугуш”,-навиштааст Меҳрнигори Рустам.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

With amazing legendary Persian singer @googoosh love you ♥️♥️♥️♥️♥️♥️♥️♥️♥️♥️♥️♥️😘 #style #fashion #stars #persian #singers #amazing #beautiful #googoosha #googoosh #googoosh_queenland #googooshacademy #googooshworld #googooshhollywood

Публикация от 𝑴𝒆𝒉𝒓𝒏𝒊𝒈𝒐𝒓𝒎𝒖𝒔𝒊𝒄/𝑺𝒊𝒏𝒈𝒆𝒓,𝑪𝒐𝒎𝒑𝒐𝒔𝒆𝒓 (@mehrnigormusic) 3 Ноя 2019 в 3:38 PST

Ҳамзамон, овозхон барои таклиф ба барномаи консертӣ аз Шаҳром Норз, продюсери Гугуш миннатдор аст.

Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигори Рустам пас аз бурди корти сабзи Амрико бо модараш дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва корҳои эҷодии худро низ ҳамон ҷо идома дода истодааст.

Источник: sputnik-tj.com