Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

0
93

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 11.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анталияи Туркия 9 ноябр иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар иҷлосия раёсат дар созмони мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбари ҳайати давлати мо, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ба сифати Раиси иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иҷлосияро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои Созмон дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Дар ин замина ӯ ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар паҳнои Созмон ишора намуда, бар аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои самарабахши минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзоиши мизони тиҷорат байни кишварҳои узв таъкид намуд.

Иҷлосияи бисту чоруми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо қабул гардидани санади ниҳоии он – Баёнияи Анталия ба поён расид.

АСК: ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj