Ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ 50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 мегузаронанд

0
110

Ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ 50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки 50% маоши моҳонаи худро ҳамчун кумак ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 мегузаронанд. Ин тасмим имрӯз зимни ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат рӯзи 30 апрели соли 2020 вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 бар меоянд, баррасӣ гардид.

Дар навбати худ Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсӣ баҳри иҷроиши ин вазифаҳо як қатор корҳоро роҳандозӣ намуд. Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки акнун вақти он расидааст, ки мо шабу рӯз вазифаҳои ба ӯҳда доштаамонро иҷро намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос паҳлӯи мардумамон бошем. Бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. Нақшаҳои давлату Ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй)-ро риоя намоянд.

Источник: khovar.tj