Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад

0
203

Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми Сарраёсати номбурда, полковник Отабек Ҷамолов бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омад. Дар доираи сафари расмӣ нахуст мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои мақомоти корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода  аз рушди ҳамкории  дуҷониба ва  дурнамои он миёни  Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо  ибрози андеша намуда, дар ин зимн аз ташаббусҳои таърихӣ ва иқдомҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ёдовар шуд.

Шариф Назарзода ҷиҳати муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамкории  мутақобилан судманди мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ҳарду давлатро муҳим арзёбӣ намуда, доир ба  муборизаи якҷоя зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии силоҳ ибрози назар кард.

Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Номбурда ҳамчунин  омӯхтани таҷрибаи пешқадами мақомоти корҳои дохилии пойтахти кишварҳои ҳамдигар, раванди ислоҳоти милитсия дар шаҳри Душанбе ва ҳадафу маром, натиҷаи роҳандозӣ намудани якчанд амалиёту чорабиниҳои амалиро  дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ оварда расонидааст,  муфид арзёбӣ намуд.

Сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва эстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкант, полковник Отабек Ҷамолов изҳор дошт, ки чунин мулоқоту суҳбатҳо ва табодули афкор ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна амалу кирдори ҷиноятӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳайати меҳмонон  бо  фаъолияти нозирони минтақавии милитсияи пойтахт, тарзи хизматбарӣ ва шароити шуъбаҳои дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  шинос  шуданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки вазифаи нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар тамоми шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин бахши милитсия ҷиҳати тарғиби оилаи солим, пешгирии азҳампошии оилаҳо, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, инчунин оид ба як  зумра масъалаҳои дигари оиладорӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон баҳри муқаддас нигоҳ доштани унсурҳои оиладорӣ, эҳтироми ҳамдигарии зану шавҳар ва дар роҳи дуруст тарбият намудани фарзандон, мулоқот ва корҳои таблиғу ташвиқотиро миёни шаҳрвандон роҳандозӣ мекунанд.

Дар идомаи сафари корӣ ҳайати намояндагони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд  бо роҳбаладии роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе баҳри шиносоӣ пайдо намудан бо таъриху фарҳанги халқи  тоҷик аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ таваҷҷуҳи  меҳмононро бозёфтҳои қадимӣ аз «Тахти сангин», «Саразм» ва «Ҳулбук»-у дигар маконҳои таърихии  сарзамини тоҷикон, ки зимни кашфиёти бостоншиносӣ пайдо гардида, аз таъриху тамаддуни қадимаи ин  миллат гувоҳӣ медиҳанд, ба худ ҷалб намуд.

Ҳайати  мазкур  барои шиносоӣ бо  маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик аз бозори «Меҳргон», аз  растаҳои пури анвои гуногуни хушкмеваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокӣ дидан намуд.

Намояндагони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд аз Кохи Наврӯз  дидан намуда,  бо  шоҳкориҳои меъморону ҳунармандони миллати тоҷик шинос шуданд.

Нақшу нигорҳои кандакоришуда дар чӯб, ки бо як маҳорати махсуси устоҳои чирадасти тоҷик сохта     шудаанд, ҳайати меҳмононро ба ҳайрат гузошта, ба чунин шоҳкорӣ изҳори таҳсин намуданд.

Меҳмонон баҳри маълумоти бештар  пайдо намудан аз таъриху фарҳанг ва маданияти шаҳрсозиву шоҳкориҳои бемисли миллати тоҷик ба Қалъаи Ҳисор ташриф оварданд. Дар ин макони  бостонӣ  бо роҳбаладии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷузъиёти таърихи қадимии  миллати куҳанбунёди  тоҷик огоҳ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини тоҷикнишин маҳсуб шуда, ин ёдгории бостонӣ аз  миллати фарҳангофару шаҳрнишин ва фарҳанги волову устокории бемисли миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Ҳайати меҳмонон аз тамошои ин мавзеи фарҳангию таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон   таассуроти амиқ  бардоштанд.

Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад Ҳайати расмии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Источник: khovar.tj