АИ «АЗЕРТАҶ» 100-СОЛА ШУД. АМИТ «Ховар» ҳамтоёни озарбойҷониашро бо садумин солгард табрик намуд

0
105

АИ «АЗЕРТАҶ» 100-СОЛА ШУД. АМИТ «Ховар» ҳамтоёни озарбойҷониашро бо садумин солгард табрик намуд

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Агентии иттилоотии давлатии Озарбойҷон «АзерТАҷ», яке аз куҳантарин хадамоти иттилотӣ дар Шарқ ва ИДМ 100-солагиашро таҷлил мекунад. Маҳз сад сол пеш — 1 марти соли 1920 парлумони Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон (ҶДО) дар бораи таъсиси агентии телеграфии миллӣ қарор қабул кард.

Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ба раиси Раёсати Агентии иттилоотии давлатии Озарбойҷон «АзерТАҷ» Аслан Асланов номаи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Аслан Аҳмад оғлу,

Шуморо ва тамоми кормандони агентиро бо 100-солагии «АзерТАҷ» самимона табрик мегӯям!

100 сол санаи пурифтихор, пурҷило ва таърихист. Дар тӯли ин солҳо ҳайати кормандони Шумо роҳи бузургро тай карда, таҷрибаи ҳаётӣ ва касбӣ, инчунин миёни агентиҳои иттилоотии ҷаҳон обрӯи шоиста гирифт.

Мо хушнудем, ки дар тӯли ин солҳо байни АМИТ «Ховар» ва «АзерТАҷ» муносибатҳои бародарона, корӣ ва эътимоди тарафайн ба роҳ монда шуданд, ки дар навбати худ ба муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо ва мардумони мо асос ёфтаанд. Агентиҳои мо дар доираи Шӯрои иттилоотии ИДМ, ки ҳарду узви он мебошанд, ҳамкорӣ мекунанд.

Тавре ёд доред, зимни сафари расмии Президенти давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ба Боку соли 2018, ки мову Шумо низ шоҳиди он будем, Сарвари давлати шумо Илҳом Алиев изҳор дошт, ки заминаи муносибатҳои байни давлатҳои мустақили моро, ки имрӯз муваффақона рушд мекунанд, президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайдар Алиев гузоштанд.

Анъанаҳои дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии мутақобилан судманд байни кишварҳо ва халқҳои мо имрӯз идома ва таҳким меёбанд ва шаклҳои нав мегиранд.

Дар ин рӯз ба Шумо ва ба тамоми ҳайати кормандонатон тансиҳатӣ, бурдборӣ, рӯҳияи баҳорӣ, амалигардии нақшаҳову ташаббусҳои дурахшон ва албатта, хабарҳои хуш дар фаъолияти ҳаррӯзаатон хоҳонам».

ДАР ОМАДИ ГАП…

АИ «АЗЕРТАҶ» 100-СОЛА ШУД. АМИТ «Ховар» ҳамтоёни озарбойҷониашро бо садумин солгард табрик намуд

Аслан Асланов

Дар соли ҷашнӣ «АзерТАҷ» ба бинои нав кӯчиданист. Бинои нуҳошёна дар яке аз минтақаҳои серодами Боку бо сабку услуби асили меъморӣ барои агентӣ сохта шудааст.

«Ҳоло дар он корҳои ороишӣ ба итмом мерасанд. Бо шарофати дастгирии давлатӣ он бо муосиртарин таҷҳизоти технологӣ муҷаҳҳаз карда мешавад», — гуфт дар мусоҳиба раиси Раёсати Агентии иттилоотии давлатии Озарбойҷон Аслан Асланов.

Ӯ илова кард, ки дар ин бино дар баробари фароҳам овардани тамоми шароит барои кор ҳамчунин ҳуҷраи истироҳат, ошхона, толори варзишӣ ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.

«Умед дорем, ки дар бинои нав меҳмонҳоямонро, ки тирамоҳи соли равон ба муносибати 100-солагии агентӣ ташриф меоранд, қабул мекунем», — тазаккур дод роҳбари АзерТАҷ.

Источник: khovar.tj