Агентии авиатсияи гражданӣ дархост намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновирус фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба чандин кишвар муваққатан манъ карда шавад

0
177

Агентии авиатсияи гражданӣ дархост намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновирус фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба чандин кишвар муваққатан манъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи мактуби нави Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз директори Агентӣ Икром Субҳонзода имзо намуд, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад. Дар зер матни мактуби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон мегардад:

«Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд миннатдории худро баён намуда, ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки мактуби ирсолнамудаи Агентӣ аз 29.02.2020, №2 (4.1)-338 беэътибордониста мешавад.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсия дода мешавад, ки хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба ҶумҳурииТоҷикистон доранд, муваққатан фурўши чиптаҳои ҳавопаймо манъ карда шавад».

Агентии авиатсияи гражданӣ дархост намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновирус фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба чандин кишвар муваққатан манъ карда шавад

Источник: khovar.tj