Ҳаёту адабиётро бояд мисли Баҳром Фирӯз дӯст дошт-бардошт аз маҳфил бахшида ба ёдбуди нависандаи соҳибном

0
202

Ҳаёту адабиётро бояд мисли Баҳром Фирӯз дӯст дошт-бардошт аз маҳфил бахшида ба ёдбуди нависандаи соҳибном

ДУШАНБЕ, 2.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 80-солагии шоир ва нависандаи маъруф Баҳром Фирӯз маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовинони Раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, Юнус Юсуфӣ, шоирону нависандагон, аҳли зиё, ҳунармандон, донишҷӯён ва дӯстону наздикон иштирок намуданд.

Ба иштироккунандагони маҳфил дар бораи ҳаёту фаъолияти нависандаи забардаст маълумот дода шуд.

Ҳаёту адабиётро бояд мисли Баҳром Фирӯз дӯст дошт-бардошт аз маҳфил бахшида ба ёдбуди нависандаи соҳибномБаҳром Фирӯз (Бобоев Баҳром) 1 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷо ба ҳайси  омӯзгор фаъолият дошт. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» буд. Солҳои охири умр дар Хуҷанд сардабирии моҳномаи «Сайҳун»-ро бар уҳда дошт. Аз ибтидои солҳои 60-ум даставвал ҳамчун шоир, баъдан чун насрнавис ном баровард.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Розҳои маҳтобшаб» (1967), «Силсила» (1973), «Тафти дил» (1984) мебошад. Гулчини қиссаву ҳикояҳояш дар китобҳои «Пайи ситора» (1975), «Рухсора» (1978), «Ганҷ дар вайрона» (1977), «Ту танҳо нестӣ» (1980), «Тору пуд» (1985), «Агар вай мард мебуд» (1988) ва ғайра ба табъ расидаанд. Соли 1981 нашриёти «Детская литература», (Москва) китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ты не одинок»-ро ба табъ расондааст. Мақолаҳои публитсистиаш дар маҷмӯаи «Саҳнаи гардон» (1993) интишор ёфтаанд.

Асарҳои ҷудогонааш дар кишварҳои Эрон, Булғористон, Япония ва ғайраҳо чоп шудаанд. Намунаҳое аз осори М. Лермонтов, А. Блок, Д. Кугултинов, Ҳ. Олимҷон, Ф. Алиева, И. Грин ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Ҳаёту адабиётро бояд мисли Баҳром Фирӯз дӯст дошт-бардошт аз маҳфил бахшида ба ёдбуди нависандаи соҳибномБаҳром Фирӯз соли 1991 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст. Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, 25 сентябри соли 1994 аз олам даргузашт.

Зимни маҳфил доктори илми филология Ҷумъа Сафар иброз дошт, ки: “Осори адабии Баҳром Фирӯз аз вижагиҳои хосе бархӯрдор мебошад. Ӯ чӣ дар назм ва чӣ дар наср адиби комёб ва муваффақ маҳсуб мешавад. Хидмати мондагори адиб бо нишону подоши давлатӣ қадр гардидааст. Баҳроми Фирӯз Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ мебошад. Суханвари соҳибном дар авҷи камолоти умр ҷаҳонро падруд гуфт, аммо бо эҷоди ҷаҳонии хеш дар дунёи шеъру адаб, адабиёти муосири тоҷик ва дар қалби дӯстдорони китобу мухлисони каломи бадеъ умри абадӣ ёфт”.

Номзади илми филология, мунаққиди адабӣ ва тарҷумон Азим Аминов дар бораи Баҳром Фирӯз мегӯяд, ки «кори нависанда ба вазнинтарин кори чоҳкане монанд аст, ки дар дашти хушкшуда чоҳ кофтааст. Бо резондани арақи ҷабин, рӯз аз рӯз, баъзан солҳои тӯлонӣ, бо истодагарии сахт заминро газида, кӯшиш мекунад, ки ба умқи  об рафта, маззаи онро бичашад. Баъд ӯ чоҳҳои кушодаро ба одамон медиҳад. Аксар вақт об дар онҳо шӯртар аст, баъзе вақт таъми талх ҳам дорад, аммо одамон онро менӯшанд ва ташнагии бештар эҳсос мекунанд. Баҳром Фирӯз одами дилкушод ва саховатманд буд.  Ман он қадар саҳв намекунам, агар гӯям, ки вохӯрӣ бо вай дар роҳрави Иттифоқи нависандагон ё тасодуфан дар кӯчаҳои шаҳр як ид буд, чун дар онҳо баррасии асарҳои нав ё асарҳои нависандагони ҷавон дар бахши наср, ки онро бесаброна интизор буданд ва барои ҳар як фарди эҷодкор такони ҷолибе зарур буд, ба миён меомад. Суҳбат бо вай аланга меангехт-одам мехост беҳтару бо маънии чуқуртар нависад ва ҳаёту адабиётро мисли Баҳром Фирӯз дӯст дорад».

Абдумалик Баҳорӣ соли 1998 дар васфи Баҳром Фирӯз чунин шеърро ба қалам додааст:

Боз ёдат мекунам, эй дӯст, шабҳои дароз,
Аз вафоти нобаҳангоми ту бо сӯзу гудоз.
Ҳайфам ояд аз ғуруби моҳтоби мӯҳташам,
Рафтию бинҳодӣ андар қалби мо дарду алам.
Одати мо нест, аммо нолаю оҳу фиғон,
Монад осори наҷибу номи некат ҷовидон.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj