Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин

0
162

3 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал – Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеша карда, дар асоси усули “дарҳои кушода” тавонист мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.

Дар ин зимн Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунарсаро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сиғаи бисёрҷониба роҳандозӣ намуда, рушди минбаъдаи онҳоро ба таври фаъол пеш мебарад.   

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, ҷумҳуриҳои Чехия, Лаҳистон, Эстония ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни як қатор омилҳои амниятӣ  ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳҳои гуногун андешидашаванда, шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст нашуда истодааст.

Бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, боиси ташаннуҷи авзо дар минтақаи мо гардидааст.  

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст имкониятҳои васеи логистикии худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат ба чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашаванда, ёдовар шуданд.

Дар маросими эътимодномасупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19, таъсири бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз – тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ, андешаронӣ карданд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Источник: president.tj