АБСЕНТЕИЗМИ СИЁСӢ: САБАБҲО, ОҚИБАТҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН. Андешаҳои муовини якуми директори МТС роҷеъ ба тамоюли ҷаҳонӣ дар самти ширкати шаҳрвандон дар интихобот

0
197

АБСЕНТЕИЗМИ СИЁСӢ: САБАБҲО, ОҚИБАТҲО ВА РОҲҲОИ  ПЕШГИРИИ ОН.  Андешаҳои муовини якуми директори МТС роҷеъ ба тамоюли ҷаҳонӣ дар самти ширкати шаҳрвандон дар интихобот

ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии давлат буда, ҳамзамон дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, табиист, ки ҳуқуқ ба ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои роҳбарияти сиёсии ҳар гуна кишвар мебошад.

Мулоҳизаҳои муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.

Ҳангоме ки дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар интихобот сухан меравад, бояд ба эътибор гирифт, ки дар истифода аз ин ҳуқуқи худ шаҳрвандон, чун қоида, озод буда, метавонанд ихтиёран дар чунин чорабинии муҳим ширкат варзанд ва ё аз ин ҳуқуқи худ истифода накунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб ҷалби шаҳрвандон барои иштироки фаъолона дар интихобот танҳо роҳи ягона дорад, ки он роҳандозии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат ҳам, нақши тарғибу ташвиқот барои истифодаи шаҳрвандон аз ин ҳуқуқи волои худ ва фаъолона иштирок намудан дар интихобот имрӯз дар кулли ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои мубрамтарин мубаддал гаштааст. Дар хусуси ин масъалаи доғи рӯз аксарияти коршиносон дар он ақидаанд, ки пастравии иштироки интихобкунандагон дар маъракаҳои интихоботӣ дар тамоми кишварҳои олам ҳамчун тамоюли устувор ва мунтазам афзоянда ба назар мерасад. Аз ин рӯ, коршиносони соҳа агар иштироки танҳо 20% интихобкунандагонро дар кишвари дилхоҳ ҳамчун мушкилоти «иртиботи халқу ҳокимият» қаламдод кунанд, иштироки 50% аҳолии ҳуқуқи интихобот доштаро нишондиҳандаи на он қадар ташвишовар меҳисобанд.

Вобаста ба сатҳи пасти иштироки аҳолӣ дар интихобот имрӯз дар илмҳои сиёсӣ истилоҳи «абсентеизм» мавриди истифодаи хеле васеъ қарор гирифтааст. Абсентеизм (аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънии «ғоиб будан», «иштирок надоштан»-ро дорад) ё худ канор гирифтани хеш аз иштирок дар интихобот ва раъйпурсиҳо ба ҳодисаи муқаррарие дар ҳаёти сиёсии давлатҳои пешрафта ва рӯ ба инкишофи ҷаҳон табдил ёфтааст. Доир ба ин масъала маълумоти оморие, ки дар поён мавриди таҳлил қарор гирифтааст, хеле ҷолиб аст.

Дар интихоботи охирин ба парламентҳои Словакия — 13%, Чехия — 18%, Полша — 23%, Словения — 24%, Хорватия — 25%, Португалия — 33%, Британия — 35%, ИМА — 36,4%, Финландия — 39%, Иттиҳоди Аврупо — 43,09% ва Федератсияи Россия ҳамагӣ — 47,81% интихобкунандагон ширкат намуданд.

АБСЕНТЕИЗМИ СИЁСӢ: САБАБҲО, ОҚИБАТҲО ВА РОҲҲОИ  ПЕШГИРИИ ОН.  Андешаҳои муовини якуми директори МТС роҷеъ ба тамоюли ҷаҳонӣ дар самти ширкати шаҳрвандон дар интихобот АБСЕНТЕИЗМИ СИЁСӢ: САБАБҲО, ОҚИБАТҲО ВА РОҲҲОИ  ПЕШГИРИИ ОН.  Андешаҳои муовини якуми директори МТС роҷеъ ба тамоюли ҷаҳонӣ дар самти ширкати шаҳрвандон дар интихобот

Дар Швейтсария низ иштирок паст рафта, тахминан  50%-ро ташкил дод. Дар интихоботҳои парламентии Испания  51,22% аҳолии ҳуқуқи интихоб дошта ширкат варзиданд.

Интихоботҳои охирӣ ба ҳокимияти намояндагӣ нишон доданд, ки вазъият дар кишварҳои дар поён зикршуда хубтар буда, дар Япония — 69 % (ин нишондоди рекордӣ буд) ва Сингапур — 70% интихобкунандагон ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Дар Норвегия бошад, иштирок дар интихобот 75,7%-ро ташкил дод, вале ин нишондоди пасттарин дар таърихи ҳаштод соли охири ин кишвар мебошад. Дар Олмони Федеролӣ, ки махсусиятҳои худро дорад, дар интихоботҳои маҳаллӣ то 60 % ва сатҳи федеролӣ 82-85 % интихобкунандагон фаъоланд, вале аз ҳама бештар фаъолнокии шаҳрвандони Люксембург, Дания ва Белгия баланд буда, дар интихоботи охирин ҳозиршавии онҳо мутаносибан 85%, 86 % ва 89%-ро ташкил дод.

Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ вазъ нигароникунанда набошад ҳам, вале мушобеҳ ба кишварҳои дигар ба назар мерасад. Масалан, дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми интихоботи парламентӣ ба рӯйхати интихобкунандагон 2 млн. 761 ҳазору 297 нафар ворид карда шуда буд, ки аз онҳо 1 млн. 630 хазору 125 нафар ё 59% дар ин маърака ширкат варзиданд. Дар интихобот ба парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки санаи 20 марти соли 2016 баргузор гардида буд, аз 9 млн. 791 ҳазоу 165 интихобкунандагон дар интихобот 7 млн. 500 ҳазор нафар иштирок намуданд, ки 77,1%-ро ташкил дод. Интихобот ба парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2014 нишон дод, ки аз 20 млн. 789 ҳазору 572 интихобкунанда 18 млн. 490 ҳазору 245 нафар овоз доданд, ки ба 88,9% баробар аст.

Ба ҳамин тариқ, зуҳуроти абсентеизм дар замони муосир на танҳо масъалаи ҷустуҷӯи роҳҳои фаъолсозии интихобкунандагонро барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ мубрам месозад, балки баъзе масъалаҳои дигар, аз ҷумла масъалаи ҳадди ақалли иштирок дар интихоботро, ки ба шарофати он интихобот баргузоршуда ҳисобида шавад ва ғайраро ба миён меорад.

Омӯзиши таҷрибаи Федератсияи Россия нишон медиҳад, ки бар асари авҷи абсентеизм дар интихобот баъди соли 2003, ки иштирок ҳамагӣ 55,78 %-ро ташкил дод, тадбирҳои ғайримуқаррарӣ андешидан зарур меояд. Бо ин сабаб, ҳокимияти давлатӣ дар Россия маҷбур гардид, ки талаботро оид ба ҳадди ақалли иштироки интихобкунандагон бо тариқи қонунгузорӣ соли 2006 бекор намояд, зеро ин амал раванди интихоботро мураккаб сохта, имкон медиҳад, ки натиҷаҳои интихобот бекор ва худи раванд аз нав баргузор карда шавад, ки хеле арзиши гарони моддӣ, молиявӣ ва маънавӣ дорад.

Дар ин самт таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова низ қобили омӯзиш аст. Дар ин кишвар ҳадди ақалли иштирок даставвал 33% дарсад муайян гардида буд, вале ҳангоме ки дар яке аз раъйпурсиҳои умумихалқӣ ҳамагӣ 31% дарсади интихобкунандагон ширкат варзида, натиҷаҳои онро бемазмун сохтанд, ҳокимияти давлатӣ маҷбур гардид, ки ҳадди ақаллро бо қабули қонуни дахлдор беэътибор намояд. Дар Украина низ дар натиҷаи он, ки соли 1994 баргузории якчандкаратаи интихоботҳои такрорӣ бо сабаби абсентеизми интихобкунандагон натиҷае надоданд, маҷбур гардиданд, ки соли 1998 ҳадди ақалли иштирокро дар интихобот бекор созанд.

Дар бораи абсентеизм сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки сатҳи иштироки интихобкунандагон қариб дар тамоми кишварҳо вобаста ба шаҳру деҳот ва мавзеъҳои музофотӣ тафовути зиёд дорад. Одатан дар деҳот шаҳрвандон фаъолтаранд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия фарқияти иштирок дар деҳоту шаҳр аксаран на камтар аз 5-6% аст. Ё худ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон агар дар вилояти Алмаато иштирок 94% бошад, пас ин нишондод дар худи ин шаҳр ҳамагӣ 34,1% буд.

Оид ба абсентеизм сухан ронда, ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки бо мақсади таҳлили ин зуҳурот одатан маълумоти оморӣ аз кишварҳои тоталитарӣ ё дорои низоми маҷбурии иштирок дар интихобот, ки сад дарсади иштироки шаҳрвандон ва ё наздик ба онро ҳамчун нишондиҳанда пешкаш менамоянд, мавриди истифода қарор намегиранд.

Дар маҷмӯъ, чун зуҳуроти абсентеизм имрӯз дар тамоми олами мутамаддин ба ҳукми анъана даромадааст, кишварҳои зиёди олам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки роҳҳои мухталифи фаъолсозии интихобкунандагонро ҷустуҷӯ ва пайдо намоянд. Бо ин мақсад қабл аз ҳама сабабҳои иштирок накардан дар интихобот омӯхта мешаванд. Аз ҷумла, дар мисоли Федератсияи Россия чунин сабабҳоро мутахассисону коршиносон баъд аз пурсиши интихобкунандагон аз омилҳои асосӣ донистаанд: 1) сабабҳои гуногуни маишӣ (дар рухсатӣ дар дохил ё берун аз кишвар будан, дар фароғатгоҳ дур аз минтақаи интихоботӣ будан, сафари хизматӣ, бо кӯдакон банд будан, ниҳоят машғул будан ба кори дигаре ва ғ.); 2) боварӣ ба ғолибияти номзади худ бе иштироки шахсӣ; 3) боварӣ ба он, ки овози шахсии нафари алоҳида қурбе надошта, натиҷаҳо бе иштироки ӯ аллакай ҳалли худро ёфтаанд; 4) бетафовутӣ ба тааллуқи ҳокимият ба ин ё он ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ё ба сиёсат умуман таваҷҷуҳ надоштан; 5) бехабар мондан аз рӯзи баргузории интихобот; 6) мавҷуд набудани номзади мувофиқ барои нафари алоҳида дар байни тамоми пешниҳодшудагон ва ғайра.

Табиист, ки сабабҳои иштирок накардани интихобкунандагонро ба назар гирифта, дар маъракаҳои навбатӣ тадбирҳои муассир барои бартараф сохтани чунин омилҳо андешидан зарур меояд. Дар баробари ин, омилҳои дигаре низ дар маркази таваҷҷуҳи шахсон ва мақомоти дахлдор қарор мегиранд, то абсентеизми интихобкунандагон бартараф сохта шавад. Ин тадбирҳо дар кишварҳои гуногун бо роҳҳои мухталиф сурат мегиранд, ки чанде аз онҳоро дар поён зикр мекунем.

Яке аз роҳҳои фаъолсозии интихобкунандагон ин пешбарии якчанд номзади қавӣ дар як ҳавзаи интихоботӣ ва бо ин васила ҷолибсозии раванди интихобот (ба истилоҳ «бавуҷудории интрига») мебошад.

Роҳи дигари ҳалли масъалаи матраҳшуда чунин аст, ки дар аксарияти кулли кишварҳо интихоботро дар рӯзҳои истироҳат таъйин мекунанд, то интихобкунандагон имконияти бештари иштирок дошта бошанд, вале баъзан, ба андешаи коршиносон, ин нукта дар нисбати як қатор интихобкунандагон натиҷаи акс медиҳад.

Давлатҳои пешрафта барои фаъолсозии аҳолӣ интихоботи «мустақиман дар шабакаи интернетӣ», яъне «он-лайн»-ро истифода мебаранд.

Ё худ, иштирок дар интихоботро аз лиҳози қонунгузорӣ ҳатмӣ гардонида, мақомоти давлатии баъзе кишварҳо барои абсентеизм ҷарима муқаррар месозанд (масалан, дар Австралия ва Перу (дар ин давлат ҷарима 6-27 доллари амрикоиро ташкил медиҳад)) ва ғ.

Инчунин, интихоботро дар рӯзи муқаррарии корӣ таъйин намуда, дар як қатор кишварҳо онро ҳамчун рӯзи истироҳат эълон менамоянд. Баъзан ин метавонад тавассути эълон кардани ягон рӯзи дигари истироҳатӣ ҳамчун рӯзи корӣ ҷуброн карда шавад.

Дар баъе кишварҳои дигар бошад, барои ҷалби интихобкунандагон тадбирҳои ғайримуқаррарӣ низ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар Юнон соли 2009 ҳангоми интихоботи парламентарӣ ваъда карда буданд, ки ҳар ронандае, ки шаҳодатномаашро пулис барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мусодира карда бошад, агар дар интихобот ширкат варзад, ҳуҷҷатҳои ронандагии ӯро бе ҷарима бозпас мегардонанд.

Оид ба абсентеизм сухан карда, бори дигар, чунонки болотар ҳам қайд гардид, ёдовар мешавем, ки он масъалаи талаботи қонунгузориро оид ба ҳадди ақалли иштироки интихобкунандагон мубрам мегардонад. Ин масъала аз он ҷиҳат низ аҳамият пайдо мекунад, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ҳар қадар давлат амну осоишта, босубот ва пешрафта бошад, ҳамон андоза фаъолнокии сиёсии шаҳрвандони алоҳида паст мегардад ва мутаносибан абсентеизм авҷ мегирад. Бо ин сабаб ва бо сабабҳои дигари айнию зеҳнӣ дар ҳамаи кишварҳои олам зарурат ба миён омадааст, ки тадбирҳои муассир оид ба таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон дар интихобот роҳандозӣ карда шаванд.

                                                                                     Хуршед ЗИЁӢ,
                                                              доктори илми фалсафа, профессор,
    муовини якуми директори
                                                                 Маркази тадқиқоти стратегии назди
                                                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                             АКСҲО аз бойгонӣ

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

АБСЕНТЕИЗМИ СИЁСӢ: САБАБҲО, ОҚИБАТҲО ВА РОҲҲОИ  ПЕШГИРИИ ОН.  Андешаҳои муовини якуми директори МТС роҷеъ ба тамоюли ҷаҳонӣ дар самти ширкати шаҳрвандон дар интихоботЗИЁӢ  Хуршед Махшулзода  26 августи  соли 1963 дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё оамадааст.

Соли 1980 мактаби рақаи 1-и ноҳияи Дарвозро бо медали тилло, соли 1985 шуъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо баҳои аъло хатм намуда, солҳои 1985-1988 дар Ливия ба ҳайси муҳандис-тарҷумони Вазорати саноати  мудофиавии собиқ СССР ифои вазифа намудааст.

Соли 1991 номбурда аспирантураи Институти фалсафаи АИ Тоҷикистонро ба итмом расонида, ба сифати ходими илмии ҳамин муассиса ба фаъолият  сар кард. Аз декабри соли 1993  дар вазифаи мудири кафедраи фалсафа, аз моҳи августи соли 1998 –  ноиби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода оид ба корҳои илмӣ кор кародааст.

Хуршед Зиёӣ солҳои 2009-2011 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2015 – Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, солҳои 2015 – 2017 – сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати малориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017 – 2019 – директори Институти рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 2019 №АП-1277 муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ӯ солҳои 2011-2015 раиси Ҷамьияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой» буд. Доктори илмҳои фалсафа, профессор. Муаллифи беш аз 115 маводи илмӣ ва илмию методӣ, ах ҷумла 8 монографияи илмӣ мебошад.  Мақолаҳои илмии ӯ оид ба фалсафа, фарҳангшиносӣ, антропологияи ҳуқуқӣ ва доир ба усулҳои таълим дар Тоҷикистон, Эрон, Россия, Қиғизистон, Туркия  ва Германия чоп шудаанд.

Источник: khovar.tj