АБИ «Казинформ»: мушоҳидон аз Қазоқистон сатҳи баланди ташкили интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон зикр намуданд

0
88

АБИ «Казинформ»: мушоҳидон аз Қазоқистон сатҳи баланди ташкили интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон зикр намуданд

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳидон аз Қазоқистон, ки дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ  дар Тоҷикистон ширкат доштанд, сатҳи баланди кори ташкилии шарикони тоҷикистониро зикр намуданд, хабар медиҳад мухбири АБИ «Казинформ».

«17 нафар мушоҳидон аз  Қазоқистон дар ҳайати гурӯҳи мушоҳидон аз ИДМ аз 119 участкаи интихоботӣ дидан намуданд.  Мо фаъолнокии баланди интихобкунандагонро, алахусус дар нимаи аввали рӯз қайд менамоем. Мо медидем, ки интихобкунандагон бо аҳли оила меомаданд. Фаъолнокии ҷавонон низ ба назар мерасид. Ҳатто ҳангоми боз намудани  участкаҳо одамони зиёде  ҳузур доштанд.  Ин қобили  қаноатмандист», изҳори  ақида намуд котиби Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон Сабила Мустафина.

АБИ «Казинформ»: мушоҳидон аз Қазоқистон сатҳи баланди ташкили интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон зикр намуданд

Сабила Мустафина

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки дар ҳамаи участкаҳо омодагии баданди аъзои комиссияҳои интихоботӣ ба назар мерасид.

«Ба ҳамаи саволҳои мо онҳо ҷавоби дақиқ медоданд ва маълумоти даркорӣ пешниҳод  менамуданд»-иброз намуд ӯ.

Ҳамчунин С. Мустафина изҳор намуд,   ки барои интихобкунандагон шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд.

Биноҳои  интихобшуда хеле мувофиқ буданд. Алахусус, мехоҳам таъкид намоям, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд кабинаҳои хосса  бо ҷои нишасти мувофиқ ва кабинаҳои  нисбатан равшатар  омода гардида буданд.

Қабл аз овоздиҳӣ корҳои зиёди ташкилӣ ба анҷом расида буданд.  Дар аксари участкаҳо рӯйхатҳо бо зикри суроғаҳо чунон тартиб ёфта буданд, ки ҳар кас ному насаби худро ба зудӣ пайдо карда метавонист»,- гуфт намояндаи Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон.

«Дар маҷмӯъ,  бори  дигар   сатҳи баланди корҳои ташкилиро таъкид менамоем. Рӯҳияи мардум идона буд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ муҳити хайрхоҳона вуҷуд дошт, ҳаво низ дар Душанбе офтобӣ буд»,-илова намуд ӯ. Ва ҳамчунин таъкид сохт, ки мушоҳидон ягон вайронкунии қоидаҳоро зимни мушоҳида ва дидани участкаҳои интихоботӣ ба қайд нагирифтанд.

Ҷараёни интихоботро ҳамчунин вакили палатаи  болоии парлумони Ҷумҳурии  Қазоқистон, раиси Кумита оид ба рушди иҷтимоӣ-  фарҳангӣ  ва илм  Мурат Бактиярули низ шарҳ дод.

АБИ «Казинформ»: мушоҳидон аз Қазоқистон сатҳи баланди ташкили интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон зикр намуданд

Мурат Бактиярули

“Ба ҳайси мушоҳидон аз Ассамблеяи байнипарлумонии  ИДМ аз Қазоқистон 2 нафар аъзои палатаи болоии парлумон ширкат намуданд. Ба ғайр аз рафти интихобот мо инчунин корҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсиро ба мушоҳида гирифтем. Ман қаблан  низ дар интихоботи  Тоҷикистон иштирок намуда будам ва дидам, ки ба қонунгузории интихоботӣ тағйироти бузургу ҷиддӣ ворид шуданд. Яке аз онҳо интихобот аз рӯи рӯйхатҳои  ҳизбӣ мебошад. Дуюм- муҳайё сохтани ҳуқуқҳо ва шароити баробар барои ҳизбҳое,  ки номзадҳояшонро пешбарӣ намуданд» — изҳори ақида намуд  Мурат Бактиярули.

Мурат Бактиярули гуфт, ки бо роҳбарони 5 ҳизб мулоқот доир гардид ва онҳо мушоҳидонро бо барномаю ҳадаф ва вазифаҳояшон шинос намуданд.

«Аз рӯи натиҷаи ин вохӯриҳо метавон гуфт, ки Тоҷикистон дилпурона бо роҳи рушди низоми ҳизбии худ пеш меравад»,- таъкид намуд ӯ.

«Мо  аз 10 участкаи интихоботӣ дидан намудем, рӯҳияи кулли мардум идона буд. Кори ҳамаҷонибаи  омодагӣ ва ташкилӣ ба назар мерасид. Тамоми  участкаҳо бо кабинаҳои мувофиқ барои овоздиҳӣ, қуттиҳои шаффоф  таъмин буданд. Омодагии ҷиддии аъзои комиссияҳои интихоботӣ ҳувайдо буд. Барои интихобкунандагон, аз ҷумла ашхоси  имконияташон  маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда буданд.

Дар маҷмуъ, интихобот мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ва Конститутсияи Тоҷикистон доир гардид. Мо бар он ақидаем, ки мардуми тоҷик интихоби дуруст кард»,-гуфт  узви парлумони Қазокистон.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олӣ  анҷом ёфт.

Дар иинтихобот 63 вакил интихоб мешаванд:  41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ  ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Ба рақобати пешазинтихоботӣ 7 ҳизб  ворид гаштанд: аз Ҳизби аграрӣ -13 номзад, аз Ҳизби сотсиалистӣ- 5, аз Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон -26, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ -7, аз Ҳизби Демократӣ -4, аз Ҳизби сотсиал -демократӣ -5  ва аз  Ҳизби коммунистӣ -5 номзад.

Барои 22 курсии вакилӣ аз рӯи ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 65 номзад талош доранд.

 Акс аз «Казинформ»      

 

Источник: khovar.tj