Абдулҳамид Қаюмов: «Тоҷикистон ба низоми ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо ворид шуд»

0
205

Абдулҳамид Қаюмов: «Тоҷикистон ба низоми ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо ворид шуд»

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон вазъи пиряхҳоро омӯхта, шумораи дақиқи онҳоро ҳисоб мекунанд. Бо ин мақсад, соли 2019 ба пиряхҳои Тоҷикистон 12 экспедитсия анҷом дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи илмии давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов изҳор дошт.

Соли равон олимони тоҷик 10 экспедитсияро ба пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ба нақша гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми ҷаҳон тадқиқот дар соҳаҳои кайҳон, энергияи атомӣ ва пиряхҳо гаронбаҳотарин мебошанд.

Масалан, танҳо як соати парвоз ба пиряхи Федченко аз 4 то 5 ҳазор доллар арзиш дорад. Худи роҳ ба пирях ба истиснои вақти парвоз 3,5 соатро ташкил дода, тадқиқоти як пирях аз 4 то 5 солро дар бар мегирад.

Пиряхҳо об мешаванд ва ин як раванди табиист, вале мушкилӣ аз нав барқароршавии онҳо мебошад, ки бо сабаби тағирёбии иқлим дар аксари пиряхҳо вуҷуд надорад.

«Агар ҷомеаи байналмилалӣ солҳои наздик барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои мушаххас наандешад, он гоҳ оқибатҳои бебозгашт метавонанд ба амал оянд», — чунин меҳисобад директори Маркази омӯзиши пиряхҳо.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ соли гузашта Тоҷикистон ба низоми ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо ворид шуд, ки дар омӯзиши онҳо муваффақияти назаррас мебошад.

Айни замон номбар кардани шумораи дақиқи пиряхҳои Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро омӯзиш ва ҳисоби онҳо идома дорад.

Тибқи феҳрасти пиряхҳои солҳои 1950-1980, шумораи онҳо 8492 адад буд. Пас аз ҳисоб кардани пиряхҳо ва омӯхтани вазъи онҳо, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз як сол фаъолият мекунад, 12 ҷилди феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр хоҳад кард.

Вобаста ба ҳолати пиряхҳо А.Қаюмов зикр намуд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон тамоюли ягонаи обшавии пиряхҳо вуҷуд надорад. Дар баъзе ҷойҳо ин раванд босуръат рух медиҳад ва дар баъзе ҷойҳо он нигоҳ дошта шудааст. Бо шарофати технологияҳои нави Марказ, ташхиси пайдоиши пиряхҳои нав имконпазир гардид.

«Маълум гардид, ки пиряхҳои қаблӣ ба чанд қисми дигар тақсим шудаанд. На шумораи пиряхҳо, балки ҳаҷмашон муҳим аст, зеро онҳо ҳамчун манбаи об арзишманданд. Дар экспозитсияҳои шимолӣ пиряхҳо ҳифз мегарданд ва ҳатто пиряхҳои нав пайдо мешаванд, дар ҷануб таназзули шадиди пиряхҳо ба назар мерасад. Пиряхҳои Помири Шарқӣ кам об шуда, дар ҳолати статсионарӣ қарор доранд. Дар болооби дарёҳои Кофарниҳон ва Варзоб таназзули шадид ба мушоҳида мерасад», — гуфт А. Қаюмов.

Имрӯз дар заминаи Маркази омӯзиши пиряхҳо 6 компютер ва бесарнишинҳо (дронҳо)-и пуриқтидор ва инчунин дигар технологияҳои зарурӣ мавҷуданд, ки ба тадқиқи зондии фосилавӣ имкон медиҳанд. Ин дастоварди хуб аст, вале барои омӯзиши беҳтари пиряхҳои Тоҷикистон технологияҳои иловагӣ заруранд.

Вазъи кунунии пиряхҳо андешидани тадбирҳои муштаракро бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкили экспедитсияҳо барои омӯзиши онҳо тақозо мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳои худ, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ, инро борҳо таъкид доштанд.

ДАР АКС: А. Қаюмов дар нишасти матбуотии Академияи илмҳо 10 феврал ба суоли хабарнигор посух медиҳад.

Источник: khovar.tj