ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо бунёди беш аз 12 иншоот симои онро ба шаҳр монанд месозанд

0
68

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо бунёди беш аз 12  иншоот симои онро ба шаҳр монанд месозанд

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. То 1 декабр дар шаҳри Панҷакент 144 иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, меҳмонхона, бинои иловагии беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи шаҳрӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, гулгаштҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар зебоиву ободонии шаҳр саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ зиёд аст. Бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Р.Расулов хонаи истиқоматии шашошёна дар кӯчаи Сиёвуш аз ҷониби ҶДММ «Шероз», сохтмони корхонаи хурди маҳсулоти ширӣ дар мавзеи «Қавола» сохта шуда, ба истифода додани корхонаи мурғпарварӣ барои 8 500 сар мурғ аз ҷониби соҳибкор И.Абулҳаннонов ва дар деҳаи Баракат бунёд гаштани коргоҳҳои дӯзандагӣ, бандубасти меваи хушк ва ҳавзи моҳипарварӣ самараи даврони Истиқлолият мебошанд.

Давоми ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Панҷакент беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд.

Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан Э.Тӯхтаев, дар ҷамоат беш аз дувоздаҳ иншооти гуногуни хизматрасонии маишӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ба истифода дода шуда, дар дигар биноҳо корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.

Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Суюшов дар деҳаи Шӯрча ва соҳибкори дигар Меликов дар деҳаи Обшорон коргоҳи коркарди қуму шағал, коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона дар деҳаи Кабудсанг, кофтани чоҳҳои амудӣ, марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Хамиртеппа, Суфиён ва сохтмони чаҳор синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 – и деҳаи Зебон аз ҷумлаи иншооти ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори дигар Бобоҷон Бадалов дар деҳаи Шӯрча хонаи саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. сокинони деҳаи Наврӯзтеппа барои таълиму тарбияи насли наврас се синфхонаи иловагӣ ба истифода доданд.

Инчунин бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ҷамоат кофтани чоҳҳои амудӣ барои обёрӣ намудани заминҳои ташналаб ва бо оби ошомиданӣ таъмин кардани худи сокинони деҳаҳои Хамиртеппа, Шӯрча, Сӯфиён ва Кабудсанг ба роҳ монда шуда, беш аз 5 чоҳи амудӣ кофта шудааст.

Тибқи иттилои раиси Ҷамоти деҳоти Сӯҷина Шаҳло Абдураҳмонова, давоми соли равон 6 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншооти бунёдшаванда корҳо хуб ҷараён доранд.

Аз ҷумла, бо кӯшишу ғайрати ҳамаҷонибаи соҳибкор Б.Шамсиев дар деҳаи Сӯҷина Маркази хизматрасонӣ бо фарогирии 5 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба гуфти номбурда, аз ҷониби соҳибкор Самарҷон Эшов сохтмони маркази хизматрасонӣ иборат аз ду ошёна, чойхона ва тарабхона, аз ҷониби Каромат Турсунова коргоҳи дӯзандагию атласбофӣ сохта шуда истодааст. Дар ҳудуди ҷамоат бунёди 10 маркази савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 3- тои он пурра мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи байни деҳаҳо шағалпӯш гардида, дар деҳаи Қумсой бо ташаббуси мардум 5 километр роҳ мумфарш ва як сартарошхонаи замонавӣ барои сокинон дари худро боз намуд. Ҳамчунин сохтмони якчанд иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва хизматрасонии маишӣ ба нақша гирифта шуда, он марҳала ба марҳала  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Мавриди зикр аст, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр сохтмону навсозии беш аз 461 биною иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бо бунёди беш аз 12  иншоот симои онро ба шаҳр монанд месозанд

Источник: khovar.tj