ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳристон 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешаванд

0
152

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳристон 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешаванд

ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристон ба истиқболи бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бунёди 112 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин дам 50 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Иншооти банақшагирифта асосан бунёди бунгоҳу марказҳои тиббӣ, роҳу пулҳои нақлиётгард, муассисаҳои замонавии таълимӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва корхонаи хурду бузурги истеҳсолиро дар бар мегирад.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ин иншоот ва вусъат бахшидан ба раванди тадбирҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Шаҳристон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо фаъолон ва аҳли ҷамоат мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳристон 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешавандШаҳристон ноҳияи аграрӣ буда, 67 ҳазору 948 гектар замин дорад, ки 5 ҳазору 309 гектари онро замини обӣ ташкил медиҳад.

Кишоварзони ноҳия бо меҳнати аҳлона дар рушди ҳамаи баҳшҳои соҳаи кишоварзӣ саҳм гузошта, бо истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи табиӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи муҳими стратегии Ҳукумати мамлакат аст, саҳми арзанда мегузоранд.

Нақшаи кишти картошка дар ин ноҳия қаблан 1400 гектар буд.

Дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи кишту парвариши ин навъи маҳсулоти полезӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия имсол ба 2650 гектар баробар карда шуд. То 22 апрели соли 2020 дар 350 гектар кишти картошка гузоронида шуда, 13% -и дурнамо иҷро гардидааст.

Ҳамчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди корҳои созандагӣ дар иншооти ба шарафи ҷашн сохташаванда дидан кард.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳристон 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешаванд ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳристон 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешаванд ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳристон 112 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешаванд

Источник: khovar.tj