ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ гардид

0
210

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода   фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 18.12.2019/АМИТ «Ховар»/. 17-уми декабр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоб дар маросими ифтитоҳи  фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Амирҳамза Баракат”, ки гӯшти мурғи бролейрӣ истеҳсол мекунад, иштирок намуд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Зулайхо ҒОИБ гузориш медиҳад.

Фабрикаи  паррандапарварӣ дар деҳаи Сайёраи Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеъ буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Илҳомҷон Нозимов  бунёд мешавад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан корхона метавонад дар як вақт то 40 ҳазор мурғро парвариш намояд. Тибқи иттилои масъулин, ҳоло як сехи он мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор сар мурғи  бройлерӣ   парвариш ёфта истодааст.

Ин аввалин фабрикаи парандапарварӣ дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ дар ноҳияи Фархор буда, бунёди он дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо гӯшти парҳезӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас  хоҳад гузошт.

Хотиррасон мешавем, ки вожаи англисии «бройлер» маънии  «тезпаз» ё «бирёншуда»-ро дошта, асосан мурғ, дигар парранда ё ҳайвоноти дурага ё гибридшударо, ки тез парвариш ёфта, калону сергӯшт мешаванд, чунин ном  мебаранд. Чӯҷаи бройлерӣ дар байни ду моҳ то 4,5 — 5 килограмм вазн мегирад. Нахустин бор чунин мурғҳоро чанд аср пеш дар ИМА ба вуҷуд овардаанд. Саноати истеҳсоли гӯшти бройлерӣ асосан дар асри 20 дар ИМА, Британия, Канада ва Япония   рушд пайдо кардааст.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода   фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ гардид ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода   фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ гардид

Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Фархор инчунин  аз рафти корҳои сохтмонии сардхона, қасри фарҳанг, сехи дӯзандагӣ ва бинои маҳсулоти гӯштӣ дар деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти «Фархор» дидан намуданд.

Зимни боздид аз лоиҳаи иншооти дӯзандагии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз се ошёна  иборат буда, пас аз ба истифода додани он сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Қоҳир Расулзода  ва Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  дар маросими ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ иштирок намуданд. Коргоҳи мазкур дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфта, дар он зиёда аз 20 нафар занони хонанишин ба кор ҷалб гардидаанд. Бунёди чунин коргоҳҳо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини занону духтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ заминаи мусоид мегузорад.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода   фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ гардид ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода   фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ гардид

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар маркази ноҳияи Фархор аз рафти корҳои сохтмони бинои муассисаи таълимии №2 дар Ҷамоати шаҳраки «Фархор» дидан ба амал оварданд. Муассисаи таълимии мазкур барои 1680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба идораҳои дахлдор  ва шахсони масъул супориш дод, ки  корҳои ободонию созандагиро дар ноҳия вусъати тоза бахшида, иншоотҳои таъйиншударо дар муҳлатҳои муайянгардида бо сифати баланди меъморӣ ба истифода диҳанд.

ДАР АКСИ БОЛО: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоб

Источник: khovar.tj