ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар маркази Суғд дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар қаламрави Тоҷикистон бунёд мегардад

0
171

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ  ТОҶИКИСТОН. Дар маркази Суғд дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар қаламрави Тоҷикистон бунёд мегардад

ХУҶАНД, 05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми чанд моҳ аст, ки дар мавзеи бозори «Панҷшанбе»-и маркази маъмурии Суғд-шаҳри Хуҷанд  сохтмони дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар қаламрави Тоҷикистон идома дорад.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», гузаргоҳи зеризаминӣ дар яке аз кӯчаҳои сераҳолии шаҳр — кӯчаи Шарқ воқеъ буда, имрӯзҳо дар ин мавзеъ дар се баст беш аз 60 нафар сохтмончиён  фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 ва дарозии 260 метр бунёд шуда, дар он сохтмони беш аз 70 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст. Он инчунин бо мӯриҳои ҳавокаш ва дигар хатҳои коммуникатсионӣ пурра таҷҳизонида мешавад.

Ба иттилои масъулини сохтмон, имрӯзҳо  ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо аз ҷониби сохтмончиён тадбирҳои зарурӣ андеша шуда,  интизор меравад, ки болопӯши асосии гузаргоҳи зеризаминӣ  муддатҳои наздик ба анҷом  расонида шавад.

Сохтмони пурраи гузаргоҳ ва ифтитоҳи он  моҳи марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон ҷиҳати мумфаршкунии пурраи кӯчаи мазкур, чароғоннамоии ду тарафи роҳ бо усули муосир, сохтмони ҷӯйбор ва деворҳои қад-қади роҳ низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки иншооти бунёдшаванда хусусияти иҷтимоӣ дошта, баробари ба истифода додани гузаргоҳ дар мавзеи «Панҷшанбе»  он на танҳо ба бехатарии сокинон ҳангоми аз бозори “Афросиёб” ба қисми асосии бозори “Панҷшанбе” гузаштан кумак мекунад, балки дар ин иншоот беш аз 200 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ин амал ба раванди рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмӯъ, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Суғд — шаҳри Хуҷанд бунёд, таъмир ва навсозии 510 иншооти дорои аҳамияти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз шумораи умумӣ  беш аз 220 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ  ТОҶИКИСТОН. Дар маркази Суғд дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар қаламрави Тоҷикистон бунёд мегардад ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ  ТОҶИКИСТОН. Дар маркази Суғд дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар қаламрави Тоҷикистон бунёд мегардад

Источник: khovar.tj