Ҷаҳиши қурби евро дар бозори асъори Тоҷикистон: рубл низ каме боло рафт

0
178

Ҷаҳиши қурби евро дар бозори асъори Тоҷикистон: рубл низ каме боло рафт

Қурби евро дар бозори асъори Тоҷикистон нисбат ба чанд ҳафтаи гузашта ба таври рекордӣ якбора боло рафт

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тибқи нишондодҳои  Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 евро, ки дар охири ҳафтаи гузашта 11.0587-ташкил медод, имрӯз дар бозори нақди кишвар ба ба 11.5000 баробар шудааст.Дар бонкҳои кишвар бошад арзиши 1000 евро марзи 12 ҳазорро гузаштааст.

Дар “Бонки Эсхата 1000 евро 12 ҳазору 100 сомонӣ арзиш дошта, дар “Спитаменбонк” бошад 1000 евро 12 ҳазору 190 сомонӣ ва дар  “Алифбонк” 12 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад.
Тиқи нишондодҳои  Бонки Миллӣ, рубли русӣ, ки дар нимаи дуюми апрел, ки қариб бетағйир буд, дубора каме боло рафтааст.

Тибқи нишондод ин бонк арзиши 1 рубли русӣ то 0.1373 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1390 сомонӣ арзиш дорад.
БМТ афзудааст, ки дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА 10.2500 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.

Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0,1460 то 0,1495 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1470 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1415то 0,1490 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Источник: sputnik-tj.com