Маҷлиси ҳизбӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
302

       Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот 12-уми январи соли 2021 маҷлиси навбатии худро барпо намуд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Иттифоқи Тоҷикматлубот, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ аз рӯи масъалаи ба рӯзномаи маҷлис гузошташуда “Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот оид ба фаъолият дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021” маърӯза намуд.

      Дар маҷлис, инчунин Зоир Ҳабибзода – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

     Қайд карда шуд, ки имрӯз ҷумҳурии мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дастовардҳое, ки ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба даст овардааст, ба монанди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ташаккули давлатдории навин, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат, тасдиқи рамзҳои давлатӣ – нишон, парчам, суруди миллӣ ва пули миллӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани се ҳадафи стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва идомаи ҳадафи чорум – саноатикунонии ҷумҳурӣ ва дигар дастовардҳои азим танҳо ба шарофати як шахс – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштааст.

        Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида, аъзоёни ҳизбро вазифадор намуд, ки фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани марому мақсад ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона намуда, дар рушду нумӯи соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат саҳми арзанда гузоранд. 

Маҷлиси ҳизбӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот
Маҷлиси ҳизбӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот
Маҷлиси ҳизбӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот
Маҷлиси ҳизбӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот