9 нафар: парвандаи муттаҳамони ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ба Суди Олӣ расидааст

0
182

9 нафар: парвандаи муттаҳамони ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ба Суди Олӣ расидааст

Раиси Суди олии Тоҷикистон, 3 феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, парвандаи афроди муттаҳам дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ба ин ниҳод расида, таҳти баррасӣ қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён ин ҳамларо як ҳодисаи “хеле нангин” арзёбӣ карда, афзуд, тафтиши ин ҳодиса аз сӯи мақомоти зирабт анфом шуда, дар ихтиёри Суди олӣ қарор гирифтааст.

“Санҷишу тафтиши парвандаро Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонда, дар ихтиёри Суди олӣ қарор додааст. Ин парванда 9 муттаҳамро дарбар мегирад “, – гуфт раиси Суди олии Тоҷикистон.

Қаблан Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфта буд, ки теъдоди боздоштшудаҳо дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ба ҳудуди 20 нафар расидааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи ниқобпӯши 20 – нафара ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду тан аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд.

Баъдтар манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Масъулияти ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи “Ишқобод” – ро гуруҳи террористии “ДОИШ” бо интишори баёнияе дар сомонаи “Аъмоқ”, ки гуфта мешавад, марбути ин гуруҳ аст, ба дӯш гирифта, аз кушта шудани 10 низомии тоҷик хабар дода буд.

Аммо ин иттилоъро ҳеҷ яке аз манобеъи расмиву ғайрирасмӣ таъйид накард ва коршиносон онро маҳсули таблиғоти ин гуруҳи террористӣ хонда буданд.

Источник: sputnik-tj.com