Таъмири ошёнаҳои панҷум, шашум ва болопӯши бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
568

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, таъмири асосӣ ва корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида буд.  Ба ҳолати имрӯза ошёнаҳои панҷум, шашум ва дохили бино ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуданд. Болои боми бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот бо конструкцияи оҳанини гунбазмонанд пӯшонида шуда, бо ҳамин қисмати холии кушода, инчунин, зинапояи асосӣ аз боришот эмин нигоҳ дошта шуд.