Маҷлиси навбатӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот 05.11.2021

0
313

Дар толори маҷлисҳои бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот рӯзи 5-ноябри соли 2021 бахшида ба 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ба ин муносибат муовини раиси Раёсат Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ маърӯза намуда, ҳозиринро бо фарорасии ин санаи муборак аз номи Раёсат табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо ва дар шахси онҳо ба тамоми кормандони кооператсияи матлуботи кишварамон ва аҳли оилаи онҳо сиҳату саломатӣ, бурдборӣ ва дар кору зиндагиашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Дар маҷлис кормандони ҷавон низ ба сухан баромада, аҳамияти бузурги Конститутсия ва хусусан, оид ба нақши он дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат маълумот доданд.