5 феврал Бонки миллӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, МД «Телевизиони Сафина», МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

0
130

5 феврал Бонки миллӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, МД «Телевизиони Сафина», МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Бонки миллӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллӣ баргузор менамояд.

Кумитаи телевизион ва радио соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишаст меорояд.

Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ мегузаронад.

МД «Телевизиони Сафина» соати 13:00 ва МД «Тоҷикфилм» соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Источник: khovar.tj