Ҷашни “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
392

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр маҷлиси васеи ҳайати кормандони дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот барпо гардид.
Дар маҷлис оид ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадҳои пурмуҳтаво шунида шуд.
Хусусан, кормандони ҷавон аз худ ташаббус нишон дода, дар бораи корномаҳои алоҳидаи Пешвои миллат ахборот доданд. Дар баромадҳо бо истинод ба моддаи 2.-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қайд карда шуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад”.

Маҷлиси васеи ҳайати кормандони дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот санаи 16 ноябри соли 2020 дар фазои идона барпо гардид.