202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
261

202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ба Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи хаттӣ, шифоҳӣ, электронӣ ва телефонӣ ворид шудаанд. Ин муроҷиатҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» сари вақт баррасӣ гардида, ба муаллифон ҷавобҳои мушаххас ирсол гардиданд. Дар ин бора имрӯз, 3 феврал Директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон сухан гуфт.

Яке аз масъалаҳое, ки ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакат  ироа мегардад, ин қабули барномаҳои соҳаи ҳуқуқ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти марбутаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шумораи зиёди маводи ҳуқуқӣ дар шакли китоб ва тафсир дастрас гардонида шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар робита ба таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқгардониву мукаммалсозии қонунгузории муқовимат ба коррупсия ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар ҳайати намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, корҳои назаррас иҷро гардиданд.

Источник: khovar.tj