14 феврал нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ доир мешавад. Шумо имкон доред саволҳои худро қаблан тавассути «Хабарнигори фаврӣ» ба вазорати мазкур фиристед

0
174

14 феврал нишасти  матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ доир мешавад.  Шумо имкон доред саволҳои худро  қаблан тавассути «Хабарнигори фаврӣ» ба вазорати мазкур  фиристед

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  14  феврал, соати 11:00, дар Вазорати корҳои дохилии Ҷуҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндагони  воситаҳои ахбори омма метавонанд қаблан саволҳои худро тавассути «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати мазкур бо рақами (+992) 939 222 111, тариқи Вайбер, Вотсап, ИМО ва почтаҳои электронӣ: somona@vkd.tj, vkd.tj@mail.ru ирсол намоянд.

Источник: khovar.tj