10 амри Президент: Раисиҷумҳур зердастони Озода Раҳмонро ҷо ба ҷо кард

0
212

10 амри Президент: Раисиҷумҳур зердастони Озода Раҳмонро ҷо ба ҷо кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал бо судури 10 амр масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон қарорҳои Ҳукуматро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, пешниҳод намуд.

  • Зиёӣ Хуршед Махшулзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Раҷабзода Салима бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” озод карда шавад.
  • Холиқзода Ҷонибек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Ҳикматулло Зоирҷон муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Абдуллозода Алишер Ҳамид муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Ҷурахонзода Саодати Хурсанд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Файзализода Ҷумахон Хол директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” таъин карда шавад.
  • Раҷабзода Салима муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” таъин карда шавад.
  • Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” таъин карда шавад.

Источник: sputnik-tj.com