1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон то соати 09:00 дар интихобот ширкат варзиданд

0
126

1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон то соати 09:00    дар интихобот ширкат варзиданд

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  То соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Носирҷон Салимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Имрӯз ҷомеаи мо дар маъракаи хеле муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки он аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад.

Дар ин лаҳзаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Феълан дар 3412 участкаҳои интихоботӣ раванди овоздиҳии интихобкунандагон идома дорад.

Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон хабар дода мешавад.

Источник: khovar.tj