Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр

0
1107

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24.11.2022 дар бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷамъомади ҳайати коркунон барпо гардид. Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳ.С. ба ин муносибат кормандони дастгоҳи идоравӣ ва дар шахси онҳо тамоми кормандони кооператсияи матлуботро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатию хонаободӣ ва баҳри рушду пойдории  кооператсияи матлубот муваффақиятҳо орзу намуд.

Дар маҷлис оид ба қабули рамзи Парчами давлатӣ бори нахуст дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992, тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999, оиди таърихи парчамдории ниёгон, аҳамияти парчам дар ҳаёти ҷомеа ва дигар масъалаҳо маълумотҳои муфид дода шуд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр