Баҳс ва низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

0
500

Зери ин мавзӯъ 29 ноябри соли 2022 дар Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷамъомади навбатии коллективи меҳнатӣ доир гардид. Раиси маҷлис, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Х.Р. ва котиби маҷлис, сардори шуъбаи корҳои ташкилӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ Шарипов С.Р. интихоб гардиданд.

Дар маҷлис, асаосан, пажӯҳиши илмӣ ва мустанади коршинос оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзўи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Х.Р. ҳар як масъалаи дар кори илмии мазкур дарљгардидаро  ба диққати ҳозирин қироат намуд.

Бояд қайд намуд, ки аксари кормандон бо баъзе масъалаҳое, ки дар кори илмии коршинос А.Раҳнамо оид ба баҳси марзӣ бо Қирғизистон дарҷ шудаанд, бори аввал огаҳӣ ёфтанд.

Мавзӯи мавриди баррасии маҷлис қарорёфта ва таҳқиқоти коршиноси масъалаҳои байналмиллалӣ Абдуллои Раҳнамо барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ манфиати калон дорад. Чуноне ки дар охири ин ҳуҷҷати мустанад хело ҳам дуруст қайд гардидааст:

“Чунин шарҳи соддаи моҳияти низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои он зарур аст, ки илова бар мутахассисон, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро дуруст донад ва дар асоси санаду далелҳои қавӣ ба ин нуктаҳои содда ба дурустии мавқеи худ ва кишвари худ боварии комил дошта бошад. Аз ҷумла эътимод дошта бошад, ки:

1.Он 211 000 гектар замини зикршуда аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд;

2.Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад;

3. Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад;

4.Ҷониби Қирғизистон аз баргардондани заминҳои ғасбшудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад;

5. Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад;

6.Дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст;

7.Истодагӣ ва мавқеи давлат ва роҳбарияти кишвар дар ин масъала ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад;

8.Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозии  хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Ин мавқеи барҳақ ва дифоъи муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст.

Доштани чунин пояи мантиқӣ ва чунин боварии рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос, барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад. Табиист, ки бе донистани рӯшани моҳияти масъала ва танҳо дар асоси шиору эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ аз чизе хеле мушкил аст. Зеро, чуноне, ки мегӯянд, ҳар бовар бояд мантиқ ва асоси устувор дошта бошад.

Маҷлиси коллективи меҳнатии коркунони дастгоҳи идоравии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба ҳайати коркунони дастгоҳи идоравии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот тавсия дод ва вазифадор намуд, ки мавқеи худро оид ба баҳсу низои марзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси омӯзиши мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул диҳанд.