Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

0
32

Санаи 01 июли соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия), муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (Департамент) баргузор гардид.

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Комиссия оғоз намуда, тибқи рӯзнома аз ҷониби роҳбарияти Департамент вобаста ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия маълумот пешниҳод карда шуд.

Сипас аз ҷониби намояндаи Департамент маълумот оид ба иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО” пешниҳод гардид. Раиси Комиссия ибрози ақида намуданд, ки гарчанде аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар қисмате аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои зикршуда иҷро шуда бошанд ҳам, аммо вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобастаи самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Инчунин, дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дар таҳрири нав муҳокима гардида, ба маълумот расонида шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ унвонии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Роҳбари Комиссия дар таҳрири нав таҳия намудани қонуни мазкурро бо назардошти ба инобат гирифтани тавсияҳои ФАТФ яке аз афзалиятҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, қайд намуд, ки қабули санади соҳавии МҚД/МТ/МПСҚО барои таҳкими низоми зикршуда ва рушди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд ва аъзои Комиссияро барои ҳарчи зудтар баррасӣ намудани лоиҳаи ин қонун даъват намуд. Ҳамзамон бо ин, намояндагони вазорати адлия ва хадамоти алоқа фикру мулоҳизаҳои худро дар мавриди мукаммал намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” иброз дошта, мувофиқи мақсад шумориданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бояд фарогири дигар самтҳо низ бошад.

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Зариф Ализода дар идомаи чорабинӣ баргузории ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ёдрас шуда, барои саривақт иҷро намудани масъалаҳои вогузоршудаи самти МҚД/МТ/МПСҚО ба аъзои Комиссия — намояндагони вазорату идораҳои кишвар таъкид намуд.

Бояд қайд намуд, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, таҳти №443 таъсис дода шудааст.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Источник: nbt.tj