Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

0
13

14 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – роҳбари Комиссия Ватанзода М. баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа масъалаи пешниҳоди мактуби ҷавобӣ ба Котиботи Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ нисбати лоиҳаи нахустини Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн муҳокима гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ватанзода М. оғоз намуда, сипас, мутобиқи рӯзнома намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳо (аъзоёни Комиссия) доир ба масъалаҳои мухталиф суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

Аз ҷумла, муовини Раиси БМТ Икромӣ С. ба иштирокдорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти анҷомдода доир ба мавриди баррасӣ қарор додани лоиҳаи нахустини Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн маълумот пешниҳод намуд.

Дар баробари ин, аз ҷониби намояндаи Департаменти мониторинги молиявӣ маълумот нисбати вазъи кунунӣ ва фаъолияти минбаъда оид ба омода намудани мактуби ҷавобӣ ба Котиботи Гурӯҳи Авросиё пешниҳод гардид. Ҳамзамон, дар доираи ҷаласа Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзуллозода Ф. оид ба раванди ҷамъоварии маълумот аз мақомоти дахлдор сухан ронда, дар доираи ваколатҳои худ ба саволҳои ҳозирин ҷавоб гардонид.

Ватанзода М.М. зимни суханрониаш қайд кард, ки тибқи Тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё тасдиқшуда, дар ҷаласаи навбатии Пленарии Гурӯҳ натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и ҶТ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

Вобаста ба ин, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасии ин масъала дар ҷаласаи Гурӯҳи Авросиё муҳим буда, дар сурати пайдо гардидани мушкилот дар раванди баҳодиҳӣ, кишвар метавонад ба низоми мониторинги комилан пурзӯри Гурӯҳи Авросиё қарор гирад.

Дар рафти ҷаласа аъзоёни Комиссия нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар лоиҳаи Ҳисобот бо мақсади пешниҳод намудан ба ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё ибрози назар намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ Ватанзода М.М. ба аъзоёни Комиссия вобаста ба иҷрои муқаррароти мактубҳои аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ воридгардида ва пешниҳоди хулосаҳои саҳеҳ ба матни Ҳисобот дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Источник: nbt.tj