Ҳамкориҳои судманд бо БАТР идома хоҳанд ёфт

0
53

22 августи соли 2023 мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо аъзои ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) — роҳбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, бонкдори пешбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзӣ Дмитрий Дмитриев ва бонкдори пешбари Департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамкориҳои судманд бо БАТР идома хоҳанд ёфт

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, саҳми БАТР-ро дар ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, низоми пардохт, рушди бахши низоми суғурта, инчунин баланд бардоштани ихтисоси кормандони низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. 

Дар идомаи мулоқоти судманд роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел изҳор дошт, ки ташкилоти онҳо аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат қаноатманд аст, зеро тайи солҳои охир дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Бинобар ин, БАТР хоҳони идома ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамкориҳои судманд бо БАТР идома хоҳанд ёфт

Сипас, ҷонибҳо оид ба идомаи додани ҳамкорӣ дар самти рушди маблағгузории сабз, тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳот дар ин бахш сухан ронда, нақши БАТР дар расонидани кумаки техникӣ ҷиҳати таҳияи “Стратегияи рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ идома дода хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ислоҳот дар бахши низоми пардохт ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ки аҳамияти он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷиҳати рушди низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст ва ҳамкории БАТР дар татбиқи муваффақонаи ислоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён доштанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

Источник: nbt.tj