Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини Украина, Иттиҳоди Аврупо, Латвия, Шветсия, Финляндия ва Юнон

0
58

21 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Украина Валерий Евдокимов, Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Ҷумҳурии Латвия Рейнис Трокша, Шветсия Томас Данестад, Ҷумҳурии Финляндия Илка Райсанен ва Юнон хонум Екатерина Насика, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногусоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлати мо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, пайгирона густариш медиҳад.

Сарвари давлат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Украина, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Латвия, Шветсия, Ҷумҳурии Финляндия ва Юнон андешаронӣ карданд. Бояд гуфт, ки соли равон аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина, Латвия, Финляндия, Шветсия ва Юнон 30 сол сипарӣ мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои олам андешаронӣ карда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфиятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.

 

 

Источник: president.tj