Ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулот дар моҳи Рамазон

0
963

    

        Дар асоси Барқияи Ҳукуматӣ аз 10 апрели соли 2023, № 28/5-13 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҷойҳои муайншуда – таваққуфгоҳи назди Бозори “Меҳргон”, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода 36 ва Мирзо Турсунзода, таваққуфгоҳи назди КВД “Бозори Саховат” аз 12 то 21 апрели соли 2023 ярмаркаҳои доимамалкунанда ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад. Ярмаркаҳо бо сифати баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд. Чорабинии мазкур бо мақсади фаровонии молу маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон  доир карда мешавад.