Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ба муносибати Соли Нав 

0
293

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба муносибати Соли нави мелодии 2024 дар таваққуфгоҳи назди Бозори “Меҳргон”, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода 36 ва Мирзо Турсунзода, таваққуфгоҳи назди КВД “Бозори Саховат” ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои талаботи аввалияи аҳолиро барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ташкил намуд, ки нархҳо нисбат ба нархи бозор арзонтар мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар давоми сол тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2023, № 75 “Оид ба ташкил намудани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2023” чунин ярмаркаҳоро мунтазам доир намуд.