Тарғибу ташвиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд

0
993

Имрӯз ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот маҷлиси ҳисоботӣ гузаронид. Раиси ташкилоти ҳизбӣ Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли дарпешистода маърӯзаи ҳисоботӣ намуд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ, корманди Кумита, сарпарасти ташкилоти ибтидоии ҳизбии дастгоҳи Иттифоқи Тоҷмикматлубот Абдуллоева Фарангис ва муовини Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Шаропов Фарҳод Раззоқович иштирок доштанд.

Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида, аъзоёни ҳизбро вазифадор намуд, ки фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани марому мақсад ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона намуда, дар рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Оид ба “Тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 декабри соли 2022”, муовини Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Шаропов Фарҳод Раззоқович маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, дар музокира мутахассисони дастгоҳи идорвии Раёсат оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи паём, маълумоти мухтасар доданд.  

Дар маҷлиси ҳизбӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оиннома, Барнома ва инчунин оид ба дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои хизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеояд, суханронӣ намуд.

Маҷлиси ҳизбӣ нақшаи кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлуботро барои соли 2023 тасдиқ намуд.

Дар анҷом, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ ба 3-нафар ҷавонон-кормандони дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот, ки барои дохил шудан ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид.