Нишасти матбуотӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот (03.08.2023)

0
1524

Ахбороти мухтасар оид ба фаъолияти кооператсияи матлубот дар нимсолаи аввали соли 2023 

Иттифоқи Тоҷикматлубот нимсолаи аввали соли 2023-юмро бо нишондодҳои зерин ҷамъбаст намуд:

Даромади умумӣ ба  48,0  млн.  сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2022 дар ҳаҷми 613 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети мамлакат аз ҳамаи намуди манбаъҳо ба маблағи 16,0  млн.  сомонӣ андоз пардохт карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҳама намудҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 7,2 млн. сомонӣ фоидаи тавозунӣ ба даст оварда шуд. Барои корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, азнавсозӣ, таъмири бинову иншоотҳо ва хариди воситаҳои асосӣ 4,7  млн.  сомонӣ хароҷот карда шуд. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муътадили бозорҳои худро ба роҳ монда, фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар бозорҳои соҳа амалӣ шуда истодааст. Шумораи бозорҳои соҳа 63 адад буда,  ҷойҳои нишаст дар онҳо 18042 ададро ташкил медиҳад. Дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23,0 ҳазор шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023, № 125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024», қарор ва нақшаи Раёсат қабул гардида, ҳамаи анбору сардхонаҳо то оғози захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир ва омода карда шуда бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда мешаванд.  Дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 адад анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 адад сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои муайяншуда ва ҷойҳои таъйингардида дар арафаи Соли нави мелодии 2023, Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон ва арафаи иди Қурбон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил карда шуд. Ғайр аз он,  ташкилоту хоҷагиüои соҳа дар ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳои калони аҳолинишин ташкил гардида буд, иштирок карданд. Шумораи умумии кормандони Иттифоқи Тоҷикматлубот 1436 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор: занҳо – 623 нафар (43%) ва ҷавонон 329 нафар (ё 23%) мебошанд. Дар вазифаи роҳбари аввали ташкилоту муассисаҳои соҳа: занон – 14% ва ҷавонон – 22% -ро ташкил медиҳанд. Шумораи аъзоёни ҷамъияти матлубот – саҳмдорон 13476 нафарро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъминоти ташкилоту муассисаҳо бо техникаю таҷҳизоти компютерӣ, чораҳои доимӣ андешида мешавад. Сомонаҳои интернетӣ дар дастгоҳи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ фаъол мебошанд. Барои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани  шароити корӣ, дар нимсолаи аввал,  ба маблағи 528 ҳазор сомонӣ техникаву таҷҳизотҳои замонавӣ харидорӣ карда шуд. Ба Раёсати  Иттифоқи  Тоҷикматлубот  дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 ба миқдори  548  адад ҳуҷҷату мактубҳо ворид гардид, ки 153 адади он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баррасии ҳуҷҷатҳо сари вақт амалӣ карда шуд. Ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 аз маблағҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот 121 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.

Вазифаҳои дарпешистодаи соҳа аз зерин иборатанд:

  • Омадагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Иҷрои буҷети қабулгардидаи соҳа барои соли 2023 ва баланд бардоштани намудҳои  хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
  • Афзоиш додани харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ;
  • Ба итмом расонидани азнавсозии бозорҳои  ноҳияҳои Ховалинг, Шаҳристон ва Қубодиён;
  • Оғози азнавсозии бозорҳои ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар иҷрои вазифаҳои бамиёнгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаи кооператсияи матлубот, таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти ниёзи мардум чораҳои амалӣ меандешад.