Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
695

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттифоқи Тоҷикматлубот санаи 23.11.2023 маҷлиси васеи кормандони дастгоҳи идоравӣ баргузор гардид. Ба ин муносибати фархунда ҳозирини ҷаласаро Муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ табрик ва муборакбод намуда, оид ба ин ҷашни барои ҳалқу ватан муборак маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Оид ба таърихи парчамдории тоҷикон иловатан баромади сармутахассиси идораи ҳисобдорӣ ва гузоришот Собирова Малика шунида шуд.

Дар суханрониҳо аз ҷумла қайд гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд. Парчами давлатӣ бори нахуст дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 тасдиқ шуда, Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 қабул карда шуд.

24 ноябри соли 2009  мардуми кишвар бори аввал Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун иди умумимиллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳиб­ихтиёрӣ таҷлил намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, дар қароргоҳҳои ҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайра гузошта мешавад. Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, ифтихорномаю шаҳодатнома, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтааст ва хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд.

Парчам барои ҳар миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихору ғурури миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд ва ин рӯзи таърихиро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд.