Маҷлиси Шӯрои Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
220

    Рӯзи 16-уми соли 2022, соати 9:00 пагоҳӣ дар бинои «Тоҷикматлубот» Маҷлиси Шӯрои Иттифоқи Тоҷикматлубот баргузор гардид. Раиси Раёсат муҳтарам Идиев Ҳ.С. ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, аз рӯи масъалаи асосии рӯзнома «Ҳисоботи  Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию молиявии кооператсияи матлубот дар соли 2021 ва вазифаҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа» муовини раиси Раёсат Раҳмонализода Х.Р. баромад намуд. Сипас, Маҷлиси Шӯро дигар масъалаҳои дар рӯзнома гузошташударо баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул намуд. Раиси Маҷлиси Шӯро, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. – дигар масъалаҳои оинномавиро ба баррасии Шӯро пешниҳод намуда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Аъзоёни Шӯро фаъолияти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботро дар давраи ҳисоботӣ «қаноатбахш» арзёбӣ намуданд.