Ба ифтихори таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

0
462

Рӯзи 11 декабри соли 2023 дар Иттифоқи Тоҷикматлубот оид ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Ҳалқӣ Демократии Тоҷикистон зери унвони “Ҳафтаи ҲХДТ” соати сиёсӣ бо иштироки васеи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

Дар соати сиёсӣ Ҳусейнов Бойалӣ Алиевич – аъзои ҲХДТ, номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – аъзои Корвони сулҳу ваҳдат дар Шӯрои Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи даъват иштирок ва суханронӣ намуд. 

Номбурда роҷеъ ба иштирокашон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16-уми ноябри соли 1992, дар бораи таъсисёбии ҲҲДТ ва тасдиқ гардидани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси асосгузор ва раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронии пурмуҳтаво намуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ панҷ нафар коркунони дастгоҳи идоравии Иттифоқи Тоҷикматлубот, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза дода буданд,  ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд. Соати сиёсӣ тибқи Барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 20 ноябри соли 2023, № 76 “Дар бораи сазовор таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Ҳалқӣ Демократии Тоҷикистон” зери унвони “Ҳафтаи ҲХДТ” баргузор гардид